Раиси вилояти Хатлон ва раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят дар арафаи Рӯзи модар ба дидани модароне, ки солиёни тулонӣ дар соҳаҳои гуногуни хоҷаагии халқ хизмати содиқона кардаанд, рафта, ба онҳо туҳфа супорида, дуои некашонро  гирифтанд.

Модарон аз ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки онҳоро ҳамеша зери таваҷҷуҳ қарор додаанд, изҳори миннатдорӣ кардаанд.

Бояд гуфт, ки фардо, 8 март, дар Рӯзи модар дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон чорабиниҳо баргузор гашта, занону модаронро барои саҳми арзанда дар рушду шукуфоии кишвар, бо сипосномаву туҳфаҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо қадрдонӣ мекунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь