Дар Рӯзи байналмилалии кӯдакон раиси вилоят ва шаҳру ноҳияҳои Хатлон ба аёдати кӯдакони имконияташон маҳдуд рафта, ба онҳо  кӯмаки моливу пулӣ расониданд.

Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон, аз Муассисаи давлатии таълимии “Мактаб интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Ёвон” дидан намуд. Дар доираи сиёсати инсондӯстона ва хайрхоҳонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ба ятимону хонандагон тӯҳфаҳои хотиравӣ дода шудааст.

Ҳамчунин муовини раиси вилоят Абдусаломзода Анзурат бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ба аёдати 6 оилае, ки кӯдакони маълул доранд, рафт.

Нахуст дар ноҳияи Кӯшониён аз ҳолу аҳволи онҳо хабардор гардида, ба оилаҳои эшон аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон кӯмаки моливу пулӣ расониданд.

Раисони шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯшониён, Ёвон, Вахш, Дӯстӣ, Кӯлоб, Ҳамадонӣ, Восеъ ва дигар шаҳру ноҳияҳо дар Рӯзи байналмилалии кӯдакон ба аёдати  кӯдакони имконияташон маҳдуд рафта, ба онҳо кӯмаки моливу пулӣ расонида аз ҳолу рӯзгори онҳо шинос шуданд.

Тибқи маълумоти расмӣ дар вилояти Хатлон 564 нафар ятимони кулл, аз ин 127 нафарашон то синни 18 сола ва 437 нафарашон донишҷӯён мебошанд. Ҳамчунин 13073 нафар кӯдакони маълули синни то 18 сола ба қайд гирифта шудаанд, ки ҳар моҳа бо нафақапулӣ таъмин карда мешаванд.

Дар заминаи ҳимояи махсуси давлат қарор додани кӯдакони ятим ва оилаҳои ниёзманд, дар вилоят 14 адад муассисаҳои интернатӣ бо фарогирии 2145 нафар кӯдакони ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат, аз ҷумла 28 нафарашон ятимони кулл, фаъолият карда истодаанд, ки дастгирии доимии онҳо дар мадди назари ҳамешагии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қарор дошта, саривақт ба онҳо кӯмаку дастгириҳо расонида мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь