Имрӯз, 11 сентябр, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо ҳамроҳии беш аз 60 нафар ба Туркия сафар намуда, дар назар аст, ки ин сафари онҳо то рӯзи 18 сентябри соли ҷорӣ идома хоҳад кунад.

Аз ҳукумати вилояти Хатлон хабар доданд, тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 11 сентябри соли ҷорӣ сафари ҳайати бонуфузи ҳукуматию тиҷоратии вилояти Хатлон таҳти роҳбарии раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба Ҷумҳурии Туркия оғоз гардид.

Гуфта шуд, ки ҳадафи ин сафар ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд, густариш додани муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ бо минтақаю шаҳрҳои Газиантеп, Қаҳраманмараш, Бурса ва Истанбул унвон шудааст.

Зимни сафари корӣ ҳайати вилояти Хатлон аз корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла корхонаву коргоҳҳои нассоҷӣ, қолинбофӣ, пойафзолдӯзӣ, истеҳсоли мебел, истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ ва коркарди ашёи хоми гуногун боздид ба амал оварда, таҷрибаи Туркияро дар самти ташкили минтақаҳои саноатӣ мавриди омӯзиш қарор медиҳанд.

Дар назар аст, ки дар доираи сафари мазкур вохӯриҳо бо роҳбарияти минтақаҳои болозикр, инчунин дар шаҳрҳои Қаҳраманмараш ва Истанбул нишастҳои корӣ бо соҳибкорон ва дар шаҳрҳои Газиантеп ва Бурса “Бизнесфоруми байниминтақавии вилояти Хатлони Тоҷикистон ва минтақаҳои Туркия бо дарназардошти мулоқотҳои тиҷоратӣ дар шакли В2В байни ширкатҳои тоҷикию туркӣ ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд баргузор гардад.

Сафари ҳайати беш аз 60-нафараи вилояти Хатлон то 18 сентябр идома хоҳад кард. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия барои дар сатҳи матлуб иҷро шудани барномаи сафар мусоидат мекунад.

Қобили зикр аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид ба он меварзанд, ки имконот ва шароити феълан фароҳамовардашудаи ҳамкорӣ бо Туркия бояд самаранок ва ба нафъи ҳарду ҷониб истифода гардад, то дар тамоми бахшҳои ҳамкорӣ нишондиҳандаҳои чашмраси рушд ба даст оянд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь