Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ҷамоати деҳоти “Нури Вахш” ноҳияи Дӯстӣ дар ҶСП “Ҷунтай-Хатлон Син Силу”  бо масъулони соҳаи кишоварзӣ ба чидани пахта оғоз бахшида, барои пурра ва беталаф ҷамъоварӣ кардани ҳосил ба хоҷагидорон тавсияҳои судманд дод.

Ба раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки имсол саҳмдорони ҷамъият дар масоҳати 3 ҳазору 568 гектар пахтаи навъи “Дӯстӣ” кишт карданд, ки ба иқлим ва обу ҳавои минтақа мутобиқ буда, ба таъкиди кишоварзон  бо риояи қоидаҳои агротехникӣ ва нигоҳубини ҳамаҷониба метавон ба ҳисоби миёна 33,4-сентнерӣ ҳосил ҷамъоварӣ кард. Ширкат то имрӯз дар 326 гектар замини пахта дефолиатсия гузаронида, минбаъд низ ин корҳо идома меёбад.

Заҳматкашони ноҳияи Дӯстӣ имсол тибқи дурнамо нақша доранд, ки беш аз 18 ҳазор тонна ҳосил ба даст оранд, ки ба ҳар як гектар аз 23,5 то 33,4-сентнерӣ рост меояд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар вақти кишту парвариш ва чидани пахта дар Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи “Ҷунтай-Хатлон Син Силу” зиёда аз 2000 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин мешаванд.

Мавриди зикр аст, ки Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи “Ҷунтай-Хатлон Син Силу” дар ноҳияи Дӯстӣ аз соли 2015 инҷониб фаъолият дошта, бо истифода аз таҷрибаи пешқадам бо обёрӣ кардани заминҳои бекорхобида дар самти парваришу истеҳсоли пахта ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.

Блоки рекламавӣ

3 ШАРҲҲОИ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь