Дар арафаи таҷлил аз  Рӯзи милитсия аз ҷониби раиси вилояти Хатлон ба кормандони милитсия 40000 ҳазор сомонӣ кӯмак карда шуд.

Аз Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар доданд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳо баҳри беҳтар намудани сатҳи иҷтимоии кормандони мақомоти милитсия, ҷудо намудани заминҳои наздиҳавлигӣ ва манзилҳои истиқоматӣ ба онҳо, сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири инфрасохторҳои он, таъмини нозирони минтақавӣ бо бино ва таҷҳизотҳои техникӣ, дастгирии кормандон, собиқадорон ва оилаҳои дар вақти адои хизмат фавтида дар рӯзҳои иду ҷашнҳо мусоидат намуда, минбаъд низ кӯшишу тадбирандешӣ менамояд.

Гуфта шуд, ки имрӯз ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик бо қарори раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба оилаҳои собиқадорон ва оилаҳои кормандони милитсия, ки дар вақти адои хизмат фавтидаанд ва ё маъюб шудаанд, ба миқдори 40 000 сомонӣ кӯмакпулии якдафъаина ҷудо карда шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь