Имрӯз бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо ҳамроҳии намояндаи Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар, аз қисми низомии 3503-и Вазорати корҳои дохилии дар шаҳри Бохтар дидан кард.

Зимни боздид раиси вилоят кулли ҳайати шахсиро бо муносибати Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод карда, иброз дошт, агар ба таърихи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ назар афканем, маълум мегардад, ки дар баробари соҳиби истиқлолияти давлатӣ гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумлаи аввалин иқдоми Ҳукумати кишвар, сарфи назар аз ҳама мушкилоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ин ташкили Қувваҳои Мусаллаҳ буд.

Бо дастгирии пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ ​ Раҳмон фаъолияти қисмҳои низомӣ ва омодагии ҷангии афсарону сарбозон сол аз сол тақвият ёфта, ин ниҳоди бонуфуз ҳамчун неруи тавонои ҳарбӣ амният ва манфиатҳои Тоҷикистони соҳибистиқлоламонро сарбаландона ҳимоят менамояд. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо сарбозону афсарони Қувваҳои Мусаллаҳ низ бо рафтору интизоми намунавӣ, бо садоқат ба савганди ҳарбӣ рисолати пурифтихори хидмати содиқона ба халқу Ватани азизро бо сари баланд ба ҷо меоранд. Онҳо барои ҳифзи дастовардҳои истиқлол, эътидоли вазъи сиёсиву низомӣ, пуштибонии сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ, мубориза бар зидди гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва дигар дастаҳои ҷинояткор ҳамеша омода мебошанд.

Барои болидахотирии афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбӣ  чорабинии фарҳангӣ аз ҷониби санъаткорон ва дастурхони идона ташкил карда шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь