Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар арафаи Рӯзи модар ба дидорбинии модари 101-солае ба шаҳри Кӯлоб рафт.

Дирӯз раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар арафаи Рӯзи модар ба аёдати собиқадори меҳнат Мисқолбӣ Маҷидова, сокини шаҳри Кӯлоб, рафт. Ӯ модарро ба муносибати зодрӯзаш ва ба 101-солагӣ расидан табрику таҳният гуфта, ба ӯ аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон туҳфаҳои хотиравӣ ҳадия кард. Раиси вилоят аз ҳолу рӯзгори модар пурсон шуда, барои фаъолияти пурсамар дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ изҳори сипосу миннатдорӣ баён кард.

Зикр гардид, ки момаи Мисқолбӣ соҳиби 170 набера буда, фарзандони донишманду хидматгузори ватан тарбия кардааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь