Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Вахш ба қисми низомии 45989-и Кумитаи  ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон рафт ва ба сарбозони қисми низомии мазкур маҳсулоти хурокворӣ, аз қабили картошка, пиёз, сабзӣ, каду, гушт ва ғайра ҳамчун кӯмаки яквақтаина дастрас кард.

Аз ҳукумати вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ки нахуст раиси вилоят дар саҳни қисми низомӣ дарахти ҳамешасабз шинонида, хобгоҳи аскаронро дид ва аз шарту шароити зиндагии онҳо шинос шуд. Сипас, кормандон ва аскарон машқи намунавӣ нишон дода, асбобу дастгоҳҳое, ки ҳангоми наҷотдиҳӣ истифода мебаранд, ба намоиш гузоштанд.

Зимни суҳбати озод раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид сарбозонро бахшида ба Соли нави мелодӣ табрику таҳният намуда, таъкид кард, ки донишу таҷриба ва малакаву маҳорати худро баҳри ҳимояи дастовардҳои замони истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон ба хизмати содиқона сафарбар созанд.

Баъдан раиси вилоят ба сарбозон туҳфаҳои солинавӣ тақдим намуда, сари дастархони идона нишастанд ва суҳбати самимӣ анҷом доданд.

Сипас ҳунармандони Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон бо пешниҳоди барномаи ҷолиби мусиқӣ ва рақсу таронаҳои ҷолиби ватанпарварона хотири сарбозонро шоду болида гардониданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь