Намояндагони Сирки Ҷумҳурии Узбекистон бо барномаи нави худ меҳмони вилояти Хатлон гардиданд ва аз ҷониби сокинон намоиши онҳо хуб  пазироӣ гардид

Ба иттиллои Бахтиёр Мамадҷанов, намояндаи Сирки “Чанор”-и  кишвари Узбекистон, бо мақсади  рушд бахшилани  ҳамкориҳои  фарҳангии ду кишвари бо ҳам дӯст Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  намояндагони Сирки Ҷумҳурии Узбекистон барои як сол шартномаи ҳамкорӣ бастанд ва намояндагони сирки мазкур давоми сол дар ҳудуди кишвар барномаи худро намоиш хоҳанд дод.

– Мо аз ҳамкорӣ бо  Тоҷикистон хеле шодем ва аз пазироии хуши онҳо сипосгузорем. Барномаи гурӯҳи мо аз дорбозон, масахарбозон, сеҳргарон ва гурзбардорон иборат буда, мо талош мекунем, ки мухлисону тамошобинони худро шод созем. Тайи чанд рӯзи намоишҳо дар ин диёр сокинон бо хушнудӣ аз ҳунари мо пазироӣ намуданд ва ин ба мо илҳоми тоза мебахшад, – иброз намуд  Бахтиёр Мамадҷонов.

Мавлуда Гулова, Фараж

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь