Соли 2023-юм аз ҷониби кормандони Прокуратураи вилояти Хатлон барои риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълимиу тарбияи фарзанд” нисбати 813 падару модар ва омӯзгори муассисаҳои таълимии вилоят парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуда, 412 омӯзгор ва шахси масъули муассисаҳои таълимӣ ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шудаанд. Дар ин бора зимни нишасти хабарии Прокуратураи вилояти Хатлон хабар доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки барои монеъ шудан ба гирфитани маълумоти ҳатмии умумии асосӣ нисбати 76 волидон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудаанд.

Хабар дода шуд, ки дар ин сол аз ҷониби ноболиғон ва бо иштироки онҳо дар ҳудуди вилоят 150 ҷиноят содир шудааст, ки назар  ба соли 2022-юм 56 ҷиноят кам аст.

Бо назорати иҷрои қонунгузорӣ оид ба ноболиғон ва ҷавонон диққати хоса дода шуда, 160 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва зарар ба маблағи 27,5 миллион сомонӣ барқарор карда шудааст, гуфта шуд дар нишаст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь