Дар вилояти Хатлон дар се моҳи соли ҷорӣ 6 ҳазору 903 оила ақди никоҳ бастаанд ва 719 оилаи дигар ақди никоҳи худро бекор карданд.
Аз Шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон хабар доданд, ки аз шумораи умумии ҷудошавии оилаҳо 541 ҳолат бо ҳалномаи суд, 177 ҳолат бо розигии ҳамсароне, ки фарзандони умумии ноболиғ надоранд ва як ҳолати дигар бо аризаи яке аз ҳамсарон бекор карда шудааст.
– Бештари оилаҳои ҷудошуда ҷавонони то 35-сола мебошанд, зеро дар се моҳи соли 2021 аз 719 оилаи пошхурда 503 оилашро ҷавонони то 35-сола ташкил медиҳанд, – гуфтанд аз ниҳоди мазкур.
Зикр шуд, ки ҷудошавии оилаҳо дар ноҳияҳои Панҷ, Қубодиён, Бахӣ, Ҷомӣ, Дӯстӣ, Шаҳритус ва Муъминобод нисбат ба соли 2020 зиёд ба қайд гирифта шудаст, аммо дар шаҳру ноҳияҳои Хуросн, Ёвон, Ҷайҳун, Бохтар, Норак, Левакант, Кулоб, Данғара ва Фархор ҷудошавии оилаҳо нисбат ба ҳамин давари соли гузаша кам ба назар мерасад.
Иттилоъ дода шуд, баъди пош хурдани 719 оила дар вилояти Хатлон 683 кӯдак аз тарбияи яке аз волидони худ маҳрум мондаанд.