Дар соли 2021 аз ҷониби кормандони хоҷагии ҷангали вилояти Хатлон 873 санади қонунвайронкунӣ ба маблағи 349 ҳазору 129 сомонӣ тартиб дода шуда, аз ин мабалағ бештар аз 329 ҳазораш ба фоидаи хоҷагиҳо ворид карда шуд. Дар ин бора Мирмаҳмад Давлатов, муовини сарори Раёсати хоҷагии ҷангали вилоят дар нишасти матбуотии имрӯз хабар дод.
Иттилоъ дода шуд, ки аз 873 санад 581 адади он буридани ғайриқонунии дарахтон, 129 санад чорвочаронии худсарона, 129 санад ҷамъоварии ғайриқонунии маҳсулоти ҷангал, 21 санад шикори ғайриқонунӣ ва 18 санад дар дигар самтҳо мебошад, ки 62 санад ба маблағи 100 ҳазору 62 сомонӣ нисбати соли гузашта зиёд аст.
Гуфта шуд, ки дар хоҷагиҳои ҷангали вилоят 251 санади ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба маблағи 61 ҳазору 300 сомонӣ тартиб дода шуда, ин маблағ пурра ба буҷет ворид карда шудааст.