Омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бори аввал аст, ки то охири моҳи июл пурра рухсатпулиашонро дастрас карданд.

Сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон Ҳабибулло Изатуллозода иттилоъ дод, ки   рухсатпулии омӯзгорон дар вилояти Хатлон наздики 150 миллион  сомониро ташкил медод, ки он то охири моҳи июл пурра пардохт карда шуд.

Қайд гардид, ки бо омилҳои гуногун чор панҷ соли охир омӯзгорон наметавонистанд, саривақт рухсатпулиашонро дастрас кунанд ва ҳатто дар моҳи сентябр рухсатпулиашонро мегирифтанд.

Давоми матн пас аз блоки реклама

– Имсол мо кӯшиш кардем, ки саривақт рухсатпулии онро пардохт кунем, – илова кард ӯ.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here