Рӯзи 15 майи соли ҷорӣ дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар Рӯзии милии давидан баргузор шуд, ки дар он 12 ҳазор кас иштирок карда, ғолибон соҳиби диплом шуданд.  Корбарони шабакаҳои интернетӣ аз иқдоми мақомот изҳори норозигӣ карда, гуфтанд, ки “наход  ба ғолибон, ки 5 километр роҳро давиданд,  танҳо як дипломи бечорчӯба диҳанду халос?!”.

Мудири бахши кор бо  ҷавонон ва варзиши шаҳри Бохтар Рухшонаи Шералӣ ба “Фараж” хабар дод, ки  дар Рӯзи миллии давидан раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва дигарон иштирок доштанд. Ба гуфти манбаъ, дар давидан 12 ҳазор нафар иштирок карданд, ки аз онҳо 4 ҳазору 400 нафарашонро  занон ташкил медоданд.

– Давидан  аз майдони Исмоили Сомонии шаҳр  оғоз шуда, варзишгарон  тавассути маҳаллаи Дӯстии халқо ва истгоҳи нақлиётии шаҳри Бохтар, яъне, аз 3 то 5 километр, давиданд. Ҷойи якумро дар масофаи 5 км варзишгар аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Диловар Азизов сазовор шуд. Замира Ҳусейнова ҷойи якумро миёни духтарон  дар масофаи 3 км соҳиб шуд. Дар фарҷоми Рӯзи миллии давидан ғолибон муайян гардида, бо сипоснома ва  диплом сарфароз гардонида шуданд,  – афзуд Рухшонаи Шералӣ.

Ҳамчунин, рӯзи 15 майи соли ҷорӣ дар ҳама шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва дигар вилоятҳои кишвар Рӯзи миллии давидан ва марафони дучархаронӣ бо иштироки ҳазорҳо нафар баргузор гашта, аз ҷониби мақомоти вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ба ғолибон сипоснома ва туҳфаҳо супорида шуд.

Низомиддин Исоев, як фаъоли шабакаҳои интенетӣ дар саҳифаи фейсбукиаш пешниҳод кардааст:  “Масъулини муҳтарам, аз оне ки ба ҳама як коғаз додед, беҳтар буд, ақаллан ба ғолибони мусобиқаи давидан дар вилоят ҳадяе медодед, зеро дар миёни ширкаткунандагони дав аз ташкилоту идораҳои вилоят, ҳамчунин варзишгароне ҳам буданд, ки аз дигар шаҳру навоҳӣ барои пирӯзӣ ва ҷоиза омада буданд. Мутаассифона, бо як коғаз, ки ақаллан дар чорчӯба гирифта нашуда буд, қадрдонӣ кардани ғолибони Рӯзи миллии давидан, ин ҳам дар сатҳи вилоят, эшонро рӯҳафтода сохт”.

Наврӯз Сафаров, корбарии дигари шабакаҳои интернетӣ, қайд кардааст, ки “Ман дар ёд дорам, пештар туҳфаву дигар корҳои ҳавасмандӣ буд, аммо солҳои охир, вале, лекин ҳам қуш шудаваст. Яъне “Хоҷа, боғ дорӣ? Дорам!”.

Ба ин монанд даҳҳо нафар корбарони дигари  шабакаҳои интернетӣ аз додани як сипоснома ё диплом ба ғолибони Рӯзи миллии давидан изҳори норозигӣ карда, гуфтанд, ки чаро дар шаҳру ноҳияҳои дигар ба ғолибон туҳфаву ифтихорнома, ҳатто дар вилояти Суғд қолин низ туҳфа карданду дар як вилояти калони кишвар  сипосномаи ё диплом доданд.

Гуфтаҳои корбарони шабакаҳои интернетиро  як ғолиби Рӯзи миллии давидан дар шаҳри Бохтар тасдиқ карда, афзуд,  ки фикр кардааст, ягон ҷоиза медиҳанд, аммо ҳамин як диплом доданду халос.

Як масъули  Раёсати кор бо  ҷавон ва варзиши вилояти Хатлон зимни тамоси телефонӣ гуфт: “Ростӣ, маро гуфанд, ки тартиб ду сол боз  ҳамин хел аст, аз ин хотир, мо ба ғолибон танҳо дипломи бе рамка додему халос”.

 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь