Ба оилаи панҷгоникҳои ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон калиди хонаи истиқоматӣ, ки муҷаҳҳаз бо тамоми лавозимоти рӯзгор аст, тӯҳфа карда шуд.

Рӯзи якуми июни соли ҷорӣ, дар Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, раиси  вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода ба модару падари панҷгоникҳо калиди хонаи панҷҳуҷрагиро тақдим карданд.

Аз шӯъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят иттилоъ доданд, ки   манзили истиқоматии туҳфашуда бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳия, инчунин, сокинони хайрхоҳи ноҳия дар муддати се моҳ бо маблағи беш аз 200 ҳазор сомонӣ бунёд ва ҷиҳозонида шудааст.

Гуфта шуд, ки дар дохили хона барои рушду камолёбии кӯдакон шароиту чиҳози зарурӣ аз қабили яхдон, насимафкан, телевизор, гаҳвора, ҷевон, кондитсионер, бозичаҳои кӯдакона ва хати об фароҳам оварда шудааст.

Саломатии панҷгоникҳо Фотимаву Зуҳро,  Ҳасану Ҳусейн ва Оиша хуб буда, таҳти назорати пизишкон қарор доранд. Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода иброз дошт, ки ҳеҷ гоҳ онҳоро танҳо намемонад ва дар ҳама вазъият дастгирӣ мекунад.

Бояд гуфт, ки  Дилноза Мамадова, сокини ноҳияи Қубодиён,  рӯзи 30-юми декбари соли 2020 дар Зоишгоҳи ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе панҷгоник таваллуд карда буд, ки ин аввалин тавалуди панҷгоник дар кишвар аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь