Рӯзи 24 феварли соли ҷорӣ роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон дар  шаҳри Бохтар изҳори ташвиш кард, ки  соли сипаригардида дар вилояти Хатлон 14 корхонаи саноатӣ барҳам хӯрда, 99 корхона, ё 15 дарсад аз шумораи умумии корхонаҳои саноатӣ, фаъолият накардаанд, ки дар натиҷа беш аз 1600 нафар корманди корхонаҳои зикршуда бекор мондаанд.

Роҳбари давдлат ҳамчунин  зимни суханронии худ таъқид кард, ки соли 2021 дар вилояти Хатлон  ҳамагӣ 86 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо 1140 ҷойи корӣ ба истифода супорида шудаанд, ки 36 адади онро корхонаҳо ташкил медиҳанд, ки  нишондиҳандаҳои мазкур ба талаботи саноатикунонии босуръати кишвар ҷавобгӯ нестанд. Дар шаҳру ноҳияҳои Вахш, Ҷайҳун, Панҷ, Шамсиддини Шоҳин, Ёвон ва Норак, ба истиснои коргоҳҳо, ягон корхонаи нави саноатӣ таъсис дода нашудааст, гуфт президенти кишвар.

Аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои Ёвон 12 корхона, Кӯлоб 8, Ҳамадонӣ, Левакант, Шаҳритус 7-ададӣ, Қубодиён ва Ҷалолиддини Балхӣ 6-ададӣ, Бохтар 5, Вахш, Дӯстӣ, Ховалинг ва Кушониён 4-ададӣ, Ҷайҳун, Фархор, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Муъминобод 3-ададӣ, Данғара, Восеъ ва Шамсиддини Шоҳин 2-ададӣ ва Хуросон 1 корхона фаъолият накардааст.

Бобоҷон Алихонов, сардори Раёсати саноат ва сохтмони Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон,  гуфтаҳои роҳбари давалатро тасдиқ карда афзуд, ки соли 2021 дар вилоят аз  641 корхонаи гуногуни истеҳсолӣ, мутаассифона, 99 корхона фаъолият накарда, 20 корхонаи дигар даҳсолаҳо боз аз кор бозмондаанд. Сабаби асосии фаъолият накардани корхонаҳои мазкурро ин шахси масъул  муфлисшавии онҳо гуфт.

Номбурда илова кард, ки  шумораи корхонаҳое, ки соли 2021 фаъолият накардаанд, бештар дар шаҳру ноҳияҳои Ёвон — 13 адад (5 бозмонда), Кӯлоб — 8 адад (1 бозмонда), Левакант — 7 адад (3 бозонда) ва Бохтар — 4 адад (1 бозмонда) мебошанд.

Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон масъулони тамоми сохторҳоро супориш дод, ки барои фаъол кардани корхонаҳо ҳарчӣ зудтар чораандешӣ кунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь