Масъулони Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва дигар сохторҳо талош доранд, ки дар моҳи Рамазон нархи маҳсулоти ниёзи аввалро таҳти назорат бигиранд.

Сардори Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Фирдавси Маҳмадсаид ба “Фараж” гуфт, ки барои пешгирӣ аз баландшавии нархи наво дар моҳи Рамазон бо масъулони бозору фурушгоҳҳо ва соҳибкорони вилоят суҳбат кардаанд. Баъзе соҳибкорон аз ҳозир нархи як килограм гӯштро то ба 75 сомонӣ расонида буданд ва баъди суҳбату вохурӣ он 70 сомонӣ баробар шуд. Ҳамчунин, масъулони бозорҳо ваъда доданд, ки дар моҳи рамазон ба хотири баланд нашудани нархи наво барои соҳибкорон имтиёз медиҳанд.

Номбурда илова кард, ки тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 номгуйи маҳсулоти ниёзи аввалро танзим мекунанд. Ӯ афзуд, ки ҳама талошҳои худро равона мекунанд, ки дар моҳи Рамазон  нархҳоро дар бозорҳои вилоят таҳти назорат қарор дода, ҳолатҳои беасос болоравии нархҳоро пешгирӣ кунанд.

Бояд гуфт, ки ҳамасола бо фарорасии иду ҷашнҳо дар бозору фурӯшгоҳҳои кишвар, аз ҷумла, дар вилояти Хатлон, нархи маҳсулоте, ки  ба он талабот зиёд мегардад, ба маротиб гарон мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь