Аз ҷониби баъзе ниҳодҳои давлатӣ дар бозору фурушгоҳҳои вилояти Хатлон нархи маҳсулоти ниёзи аввалия пеш аз иди Рамазон  танзим карда мешавад.

Сардори Раёсати Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар вилояти Хатлон Фирӯз Юсуфзода зимни суҳбат гуфт, ки оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар Хадамоти зидиинҳисорӣ ва раиси вилояти Хатлон ба хотири танзим кардани маҳсулоти ниёзи аввалия пеш аз иди Рамазон аз ҷониби Раёсати Хадамот дар вилояти Хатлон ва маъмурияти бозорҳо дар  шаҳру ноҳияҳои вилоят гуруҳи корӣ ташкил карда шуда, талош доранд, ки нархҳоро муътадил нигоҳ доранд.

Гуфта шуд, имрӯз, 10 май, ин гуруҳи корӣ дар якҷоягӣ бо масъулони  ҶДММ бозори “Ҳоҷӣ Шариф”  дар ин бозор санҷиш гузаронида, бо соҳибкорон суҳбат карда, ба онҳо гуфтанд, ки дар арафи иди Рамазон нархҳоро худсарона гарон накунанд.

– Агар бе асос қимати маҳсулот боло бардошта шавад, ҷарима хоҳанд шуд, – таъкид кард ӯ

Итттилоъ дода шуд, ки ба хотири баланд нашудани нархҳо дар арафаи иди Рамазон дар бозорҳои  ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон чунин санҷишҳо гузаронида мешаванд.

Ин шахси масъул  афзуд, ки яке аз омилҳои гарон шудани нархи баъзе маҳсулот боло рафтани арзиши он дар кишварҳои истеҳсолкунанда аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь