Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Муссалаҳи кишвар 100 дарсад  иҷро шуд.

Аз Комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон хабар доданд, ки шаҳру ноҳияҳои вилоят тавонистанд, ки дар мудати каме бештар аз як моҳ  пурра нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ  иҷро кунанд.

– Шаҳру ноҳияҳои  Норак, Носири Хусрав, Шамсиддин Шоҳин, Данғара, Муъминобод, Темурмалик ва  Балҷувон нақшаи даъватро дар рӯзҳои аввали моҳи апрел пурра иҷро карда буданд, – гуфтанд аз Комиссариат.

Бояд гуфт, ки маъракаи даьвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Кувваҳои Mуcаллаҳи Тоҷикистон 1-уми апрел оғоз шуда, то 31-уми май идома меёбад. Ҳамасола ба хизмат дар Қувваҳои Мусаллаҳ шаҳрвандони аз 18 то 27-сола даъват мешаванд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь