Дар давоми як ҳафта аз ҷараёни даъвати навбатии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ иҷрои нақша дар қаламрави вилояти Хатлон 60 дарсад иҷро шудааст.

Ёдовар мешавем, ки ноҳияҳои Вахш, Хуросон, Муъминобод ва Фархори вилояти Хатлон дар нахустин рӯзи даъват аввалин шуда дар ҷумҳурӣ аз иҷрои пурраи нақшаи пешбинишуда гузориш дода буданд.

Даъвати шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар вилояти Хатлон дар сатҳи баланд идома дошта, масъулини вобастаи ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар давоми як ҳафта ба муваффақиятҳои хубу назаррас ноил гардиданд. Дар ин бора Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар додааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь