Дар вилояти Хатлон дар 5 моҳи соли 2021 қисми даромади беҷети вилоят дар умум 103,7 дарсад таъмин гардида, ба буҷет 39 миллиону 843,3 ҳазор сомонӣ зиёд ворид карда шудаст.

Сардори Раёсати андози вилояти Хатлон Соҳиб Раҷабов маълумот дод, ки дар умум дар ин давра ба буҷети вилоят 894 миллиону 407 ҳазор сомонӣ маблағ ворид карда шуд.

Ӯ афзуд, ки дар 5 моҳи соли ҷорӣ ҳама шаҳру ноҳияҳо аз иҷрои қисми даромади беҷет баромаданд.

– Шаҳру ноҳияҳои пешқадам Темурмалик, Ховалинг, Шамсиддин Шоҳин, Балҷувон, Норак, Ҳамадонӣ, Носири Хусрав ва Ҷалолиддини Балхӣ мебошанд, ки нақшро аз 107 то 121 дарсадӣ таъмин карданд, – илова кард ӯ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь