278 ҳазору 789 нафақагири шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз нав ба қайд гирифта мешаванд, ки ин тасмим ба хотири муайян кардани шахсияти  онҳо рӯйи даст гирифта шудааст.

Сардори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи вилояти Хатлон Қобилҷон Файзализода дар суҳбати телефонӣ ба “Фараж” хабар дод, ин тасмим бо мақсади шафофияти кор ва аниқ муайян кардани нафақагироне, ки дар қайди раёсату шуъбаҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳру ноҳияои вилояти Хатлон барои маълум кардани дар ҷойи зисти доимиашон будан роҳандозӣ гардидааст.

Гуфтаҳои  сардори Агентиро Файзулло Табаров, роҳбари Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳри Левакант, тасдиқ карда афзуд, ки дар шаҳр 4 ҳазору 382 нафақагир ба қайд гирифта шудаанд, ки аз якуми октябр то имрӯз 20 дарсади онҳо аз нав  ба қайд гирифта шуда, бақайдгирӣ идома дорад.

Қобилҷон Файзализода ҳамчунин  иттилоъ дод, ки давраи аз нав ба қайдгирии нафақагирон дар вилоят аз 1-уми  октябри соли равон оғоз гардида то 25 декабри соли 2023 идома хоҳад кард.

Ба гуфти ӯ, барои муайян кардани  нафақагирони маъюбу пиронсол, ки наметавонанд ба  раёсату шуъбаҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳру ноҳиҳои вилояти Хатлон ҳозир шаванд, аз ҳисоби кормандони раёсату шуъбаҳо  ва кормандони ҷамотҳо гуруҳи корӣ ташкил карда шуда, дар хонаҳояшон шахсияташон муайян карда мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки  то якуми октябри соли ҷорӣ  дар вилояти Хатлон  278 ҳазору 789 нафақагир дар қайд  мебошанд, ки  талаботи моҳонаи онҳо 105 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь