Дар вилояти Хатлон беш аз 120 муҳоҷире, ки аз Русия баргаштанд, бо ҷойи кори доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ таъмин гардида, 333 нафари дигар  ба шуғл фаро гирифта шудаанд.

Баҳри амалӣ намудани чорабиниҳо ҷиҳати бо кор таъмин кардани муҳоҷирони муҳнатӣ дар дохили кишвар ва таъмини ҳифзи иҷтимоии онҳо дар се моҳи соли 2021 ба Агенти меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳру ноҳияҳои вилоят 767 нафар муроҷиат карданд, ки  аз онҳо 23 нафар зан ҳастанд, – гуфт Қобилҷон Файзалзода, сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон.

Иттилоъ дода шуд, ки аз шумораи умумии муроҷиаткунандгон 333 нафар ба шуғл ҷалб гардида, аз он ҷумла 126 нафарашон бо ҷойи кори доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ таъмин гардида, 152 нафар ба касбомӯзӣ, 46 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ, 9 нафари дигар аз ҳисоби маблағҳои  мақомоти Агенти меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳру ноҳияҳои вилоят ба соҳибкории хурд машғуланд.

Номбурда, ҳамчунин, қайд кард, ки 434 нафари дигар  ба машварати касбӣ фаро гирифта шуданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь