Тайи ду ҳафати охир нархи пиёз дар бозору фурушгоҳи вилояти Хатлон якбора аз 3 сомонӣ то ба 9-10 соомнӣ боло рафт, ки ин вазъият аксар сокинони вилоятро нигарон кардаст. Масъулони Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон дар нишасти хабарии ниҳодашон имрӯз 31 январ омили баланд шудани нархи пиёзро кишти ками он, гаронии нархи сузишворӣ ва нуриҳои менаралӣ арзёбӣ карданд. 

Муовини сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон Иброҳимиён Акмал дар нишасти матбуотии ниҳодаш сабаби гарон шудани нархи бесобиқаи пиёзро дар бозорҳои вилоят кишти 1 ҳазору 47 гектар ками он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, баланд шудани нархи нуриҳои менералӣ, сузишворӣ ва дигар сабабҳо арзёбӣ кард.

Ӯ гуфт, бояд соли 2022 дар вилоят наздики 397 ҳазор тонна пиёз истеҳсол карда мешуд, аммо, мутаассионфа, 335 ҳазор тонна пиёз истеҳсол карда шудаасту халос. Соли 2022 кишоварзони вилояти Хатлон тибқи дурнамо бояд дар майдони 13 ҳазору 966 гектар кишти пиёз мегузарониданд, мутаассиофна, майдони кишти пиёз 12 ҳазору 99 гектарро дар ҳама бахшҳои кишвоарзӣ ташкил дод.

– Тибқи супориши раиси вилоят дар шаҳру ноҳияҳои вилоят гуруҳи корӣ ташкил карда шуда, мавҷудияти захираи пиёз ва дигар маҳсулотро ин гуруҳ муайян мекунад ва баъди натиҷаи ин санҷиш маълумоти иловагӣ пешниҳод мекунем,-илова кард Иброҳимиён Акмал, ва илова кард, ки аз аввали моҳи январи соли ҷорӣ содироти пиёз пурра ба хориҷи кишвар маън карда шудаст.

Ба гуфти номбурда, ҳоло дар анборҳои вилоят ва сардхонаҳову бозорҳо наздики 4 ҳазор тонна пиёз захира карда шудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки соли гузашта аз вилояти Хатлон 4157 тонна  пиёз ба хориҷи кишвар содирот карда шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь