Дар  шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони гумруки вилояти Хатлон  64 ҳолати қонуншиканӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки аз инҳо 2 ҳолати ҷиноят ва 62 ҳуқуҳвайронкунии маъмурӣ дар самти фаъолияти гумрукӣ мебошад, гуфтанд дар нишасти Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон.

Ҳалимзода Эраҷ, сардори ниҳоди мазкур, иттилоъ дод, ки нисбати ҳолатҳои ошкоршуда парвандаҳои  қуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ҳуқуқвайронкунандагон ба чавобгарӣ кашида шудаанд.

Дар идома ӯ афзуд, як нафар шаҳрванди Афғонистон, ки мехост ғайриқонунӣ беш аз 97 ҳазор найчаи доругузарониро ба Тоҷикистон  ворид кунад, дастгир карда шуда, нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст.

– Дар асоси парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии оғозкардашуда ба маблағи умумии 183  ҳазору 808 сомонӣ ҷарима гузошта ва ситонида шудааст. Аз парвандаҳои ҳуқуквайронкунии маъмурии оғозшуда 34 адад нисбати шахсони вокеӣ ва 28 адад нисбати шахсони ҳукуқӣ мебошад, – зикр шуд дар нишасти Раёсати мазкур.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь