Айни замон Корхонаи фаръии давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба 28 техникаи партовкашонӣ, 14 обпошак ва 700 қуттии партов ниёз дорад. Аксарияти техникаи корхонаҳо аз солҳои пеш буда, бештари нуқтаҳои партови шаҳру ноҳияҳо ба талабот ҷавобгӯ нестанд.
Директори “Хоҷагии манзилию коммуналӣ дар вилояти Хатлон” Абураҳимзода Нурулло, дар сӯҳбат ба “Фараж” гуфт, агар яке аз омилҳои саривақт накашонидани партовҳои марказҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон кам ё фарсуда будани техника бошад, омили дигараш саривақт пардохт накардани ҳақи хизмати коммуналӣ аз ҷониби муштариён аст.
Ба қавли ӯ ба якуми январи соли ҷорӣ дар назди идораҳои зертобеи онҳо аҳолӣ 2 миилону 696 ҳазор сомонӣ, корхонаҳои худмаблағгзор 493 ҳазор сомонӣ ва ташкилоту идораҳои буҷетӣ 1 милону 464 ҳазор сомонӣ қарздор ҳастанд.
“Мушкилии дигари хоҷагии манзилию коммуналӣ дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳо таъмирталабу садамавӣ ва иҷоранишин будани кормандон мебошад. Кормандони хоҷагиҳои коммуналии ноҳияҳои Шаҳритус ва Қабодиён аз надоштани бинои худ ҳоло иҷоранишин мебошанд. Барои бунёди корхонаи хоҷагии манзилию коимуналии ноҳияи Қабодиён замин ҷудо карда шудаст.”
Мавсуф бо нигаронӣ гуфт, бинои хоҷагиҳои коммуналии ноҳияҳои Ховалинг, Восеъ пурра дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, аз ноҳияҳои Темурмалик, Панҷ, Ҷайҳун, Вахш ва Кӯшониён таъмирталаб мебошанд.
Ба қавли манбаъ дар панҷ шаҳру ноҳияи вилоят, аз ҷумла Бохтар, Кӯлоб, Норак, Ёвон ва Фархор, бо дастгирии ҳукумати кишвар ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд воситаҳои нақлиёт ва баъзе биноҳо пурра аз нав сохта шуданд. Ҳатто дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар ба маблағи 4 миллиону 9 ҳазор доллар корхона пурра аз нав шуда, бо техникаҳои замонавӣ таъмин гардидааст, афзуд ӯ.
Аз ин маблағ 2 миллионаш қарз, ду миллиони дигар грант ва 900 ҳазор долари дигараш барои короҳи машваратӣ аст. Вале мутаасифона ҳоло аз беаҳамиятии масъулони корхонаи мазкур техникаҳои нав бештараш дар ҳолати вайрону валангор қарор дошта, ба таъмир ниёз доранд.
Ба иттилои ӯ аз ҷониби корхона 10 техника бо харҷи наздики як миллион сомонӣ ба корхонаҳои манзилию коммуналии ноҳияҳои Дӯстӣ, Носири Хусрав, Хуросон, Восеъ, Шаҳритус, Кӯшониён, Панҷ, Мӯъминобод, Қубодиён ва Ҷайҳун дастрас карда шудааст.