Дар вилояти Хатлон дар панҷ моҳи соли ҷорӣ ба 2 ҳазору 489 нафар сарбоз, маҳбусони озодшуда ва шахсони аз кор рондашуда 1,2 миллион сомонӣ ёрии пулӣ расонида шудааст.

Сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон Қобилҷон Файзализода зикр кард, ки дар панҷ моҳи соли 2021 ба 1 ҳазору 735 нафар бекорони дар қайди Агентӣ буда, кумакпулӣ таъин гардида, ба ҳолати 1 июни соли ҷорӣ ба 2 ҳазору 489 кас ба маблағи 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ  ёрии пулӣ дода шудаст.

Иттилоъ дода шуд, ки ба 102 нафар шахсони аз кор озодшуда 206 ҳазору 349 сомонӣ,  ба 229 нафар шахсони аз маҳбас озодшуда 89 ҳазору 400 сомонӣ ва ба 2 ҳазору 158 нафар ҷавонони аз сафи Қувваҳои мусаллаҳ баргашта 838 ҳазору 220 сомонӣ маблағ дода шудааст.

– Аз шумораи зикршуда 21 нафарашонро занон ташкил медиҳанд, ки ба онҳо 31 ҳазору 380 сомонӣ ёрии пулӣ дода шудаст, – илова кард ӯ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь