– Соли гузашта дар вилояти Хатлон 34 миллиону 901 ҳазору 800 дона тухми мурғ истеҳсол шудааст, ки ин нисбати соли 2021-ум 8 миллиону 365 ҳазору 600 дона зиёд аст, – гуфт сардори омори вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон зимни нишасти хабарӣ.

Номбурда илова кард, ин миқдор тухм дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонии вилояти Хатлон истеҳсол шудааст.

-Тухмгирӣ аз ҳар сар мокиён 220 донаро ташкил медиҳад, – илова кард ӯ.

Ин омор дар ҳолест, ки дар моҳи декабри соли 2022 нархи тухм хеле гарон шуд ва сокинон аз 35 ба 55 сомонӣ боло рафтани як баста тухм (30 дона) шикоят мекарданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь