Дар минтақаи Бохтари  вилояти Хатлон бори нахуст аз хурмои хушк чипс истеҳсол карда мешавад, ки барои омода кардани он беш аз 50 зану духтари минтақаи Бохтар ба ҷойи кор таъмин карда шуданд

Чипс аз хурмо маҳсулоти нави ватанӣ буда, барои истеҳсоли он беш аз 50 зани минтақаи Бохтар ҷалб гардида, ба ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гаштаанд.  Хурмо дар Тоҷикистон меваи маъмул аст. Тибқи омори расмӣ, майдони умумии ин зироат дар Тоҷикистон беш аз 3000 гектар буда, аз ҳар гектар то 30-35 тонна ҳосил гирифтан мумкин аст. Аммо он меваи зудвайроншаванда буда, мавсими кӯтоҳ дорад ва дехқонон фоидаи хеле кам ба даст меоварданд.

Барои талаф нашудани ҳосили хурмо ва коркарди он як зумра бонувони соҳибкор аз вилояти Хатлон бо дастгирии шарикони рушд ба омузиши хушк кардани хурмову себ ва аз он истеҳсол кардани чипс шуруъ карданд. Дар Кооперативи истеҳсолии “Беҳбудӣ” – и ноҳияҳои Кушониён  кормандон барои истеҳсоли чипси хушсифат бо истифода аз техникаҳои муосир даст ба коранд.

Ба иттилои  Хосият Комилова, намояндаи лоиҳаи USID  дар Тоҷикистон, лоиҳа  оид ба рақобатпазирии агробизнес дар Тоҷикистон бо истифода аз технологияҳои нави коркарди мева соҳибкории даромаднокро пеш бурда,  моҳи декабри соли 2021 маҷмуи пурраи тренингҳоро оид ба технологияи беҳтарини коркарди хурмо, аз ҷумла таҳияи чипсҳо аз хурмо ва себ гузаронид, ки дар он 12 истеҳсолкунанда ва коркардкунанда аз минтақаи Бохтари вилояти Хатлон иштирок карда буданд.

– Дар рафти машқҳои амалӣ ширкаткунандагон бо истифода аз таҷҳизот ва асбобҳои ёрирасон ба коркарди мева машғул шуданд. Тамоми давраи коркарди меваю сабзавот, аз ҷумла ҷудокунӣ, тозакунӣ, шустан, гурӯҳбандӣ, пӯст кардан, буридан, сафедкунӣ, фумигатсиякунӣ, хушккунӣ ва бастабандӣ омӯзонида шуд ва  аксарияти ин иштирокчиён соҳиби таҷҳизотҳои замонавӣ шудаанд ва дар мавсими соли 2022 бо қувва ва дониши нав хушк кардани мева ва истеҳсоли чипсҳоро роҳандозӣ мекунанд, – изҳор дошт ӯ.

Хурмои хушк ба далели хосиятҳои судманд ва витаминҳо дар минтақа беш аз пеш маъмул мешавад. Дар асоси талаботи бозори беруна ва кушодашавии роҳҳои тиҷорат барои тоҷикон кишоварзон дар ояндаи наздик аз хурмо фоидаи бештар хоҳанд гирифт.

– Бо шарофати хушкунӣ ва истеҳсоли чипс тахминан 50 зан бо ҷойи кори мавсимӣ ва маоши рӯзона таъмин шуда, айни ҳол ба кор машғуланд. Бояд гуфт, ки айни ҳол 80% маҳсулоти омодашуда барои содирот ба Русия нигаронида шудааст, – гуфт Хосият Комилова.

Мавлуда Гулова, Фараж

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь