Дар шаш моҳи соли 2021-ум қисми даромади буҷети вилояти Хатлон 104 дарсад таъмин гардида, ба буҷети вилоят 744,6 миллион сомонӣ ворид гардидаст, ки ин аз нақшаи пешбинишуда, 55,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Сардори Сараёсати молияи вилояти Хатлон Бахтиёр Назарзода имрӯз дар нишасти хабарии ниҳодаш гуфт, ки 906,5 миллион сомонӣ, ё 89 дарсади маблағҳои буҷет дар вилоят ба соҳаҳои иҷтимоиёт равона карда шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки барои омода намудани ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ба тирамоҳу зимистони имсола ба соҳаи маориф 916 ҳазор сомонӣ ва ба соҳаи тандурустӣ 209 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ шудааст.

Ҳамчунин, Назарзода қайд кард, ки барои 38  иншооте, ки аз ҳисоби буҷети вилоят сохта мешаванд, 8,5 миллион сомонӣ  ба нақша гирифта шудаст .

Ӯ зикр кард, ки ба ҳолати 1 июни соли ҷорӣ бақияпулии қарзи андозҳо дар сатҳи вилоят 179,9  миллион сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба аввали сол  9,9 миллион сомонӣ кам мебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь