Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ дар вилояти Хатлон соли 2023-юм ба андозаи 105,3 дарсад ва аз ҳисоби даромадҳои худӣ ба андозаи 106 дарсад таъмин гардида, ба буҷет ба ҷойи 1905,9 млн сомонӣ нақшаи пешбинишуда 2015, 8 млн сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбати нақша 109,9 миллион сомонӣ ва нисбати ҳамин давраи соли гузашта 306,9 млн сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин бора сардори Сарраёсати  Вазорати молия дар  вилояти Хатлон Изатуллозода Ҳабибулло дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Ӯ гуфт, ба якуми январи соли 2024-ум бақияпулии қарзи андозҳо дар сатҳи вилоят дар маҷмуъ 166,2 млн сомониро ташкил дода, ин нисбати аввали соли 2023-юм 2 миллион смоонӣ кам гардидааст.

Қайд гардид, ки шуъбаи аудити дохохилӣ ва назорати Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва мутахассисони раёсатҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳо мувофиқи нақшаи корӣ дар соли 2023 дар 495 ташкилоту муассисаи буҷетӣ таҳлилҳои интихоби гузаронида, ба маблағи 12, 3 млн. сомонӣ камбудиро ошкор карданд, ки аз ин 10,0 млн. сомонии онро зарари молиявӣ ташкил мекунад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар рафти таҳлилҳои интихобӣ аз маблағи умумии ошкоркардашуда 9,4 млн. сомонӣ барқарор карда шуд, ки аз ин маблағ 1,7 млн. сомонӣ ба буҷет, 7,7 миллион сомонӣ ба фоидаи корхонаҳо барқарор карда шуд, ки 76 фоизи маблағҳои ошкоршударо ташкил медиҳад.

Қайд гардид, ки бо дархости мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 83 мавод ба маблағи 7,6 млн. сомонӣ камбудиҳо ошкор карда шудаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь