Дар вилояти Хатлон қисми даромади буҷет беш аз 100 дарсад иҷро гардида, аммо ноҳияҳои Панҷ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва шаҳри Норак натавонистаанд, пурра аз иҷро нақшаи андоз бароянд.

Аз Раёсати андоз дар вилояти Хатлон ба “Фараж” хабар доданд, ки  давоми 5 моҳи соли ҷорӣ ҷамъоварии андоз 800 миллиону 900 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки он барзиёд иҷро шуда ба буҷет 12 миллион сомонӣ зиёд ворид карда шуд.

Аз ниҳоди мазкур гуфтанд, ки дар ин давра се намуди андоз, аз ҷумла андоз аз арзиши иловашуда,  низомҳои махсуси андозбандӣ ва андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба пуррагӣ  иҷро нагардиданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь