Дар соли таҳсили 2021-2022 аз ҷониби хонандагони мактабҳои вилояти Хатлон 127 ҷиноят содир гардидааст, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи  соли гузашта 33 ҷиноят зиёд аст. Дар ин бора Ғазалшо Сафарзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон, дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ӯ ҳамчунин афзуд, ки дар ин давра  14 хонандаи мактабҳои вилоят даст  ба  худкушӣ задаанд, ки ин рақам дар соли  гузашта 23 ҳолатро ташкил медод. Гуфта шуд, ки худкушӣ бештар миёни писарон ба қайд гирифта шудааст.

Сардори Раёсати маорифи вилоят дар идома гуфт,  баҳри пешгирии ҷинояткорӣ миёни ҷавон корҳои фаҳмондадиҳӣ, озмунҳо, маҳфилҳои бадеӣ  ба роҳ монда шудаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь