Имсол аз муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон 174 ҳазору 960 хонандаи муассисаҳои соҳаи маориф ба осоишгоҳҳо ҷалб карда мешаванд, ки 6 ҳазору 180 нафарашон ба лагерҳои беруназшаҳрӣ бурда мешаванд.

Аз Раёсати маорифи вилояти Хатлон хабар доданд, ки барои истироҳату фароғати кӯдакон дар таътили тобистона бо дастгирии роҳбарияти вилоят ва раёсат ҳама чораҳо андешида шуда, тибқи нақша 174 ҳазор хонандаг дар се марҳила ба осоишгоҳҳо бурда мешаванд.

Иттилоъ дода шуд, ки аз ин шумора 29 ҳазору 200 нафар дар муассисаҳои томактабӣ, 6 ҳазору 310 истироҳатӣ, муассисаҳои таълимӣ 22 ҳазору 300,  варзишии беҳдоштӣ 12 ҳазору 810, фароғативу таълимӣ 86 ҳазору 100 нафар, меҳнатии истироҳатӣ бештар аз  12 ҳазор ва истироҳатгоҳи беруназшаҳрӣ 6 ҳазору 180 нафар дар се давра ҷалб мегарданд.

– Фарогирии онҳо аз ба осоишгоҳҳо аз моҳи июн оғоз ёфта, то моҳи  июл идома меёбад, – илова кард манбаъ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь