Дар шаҳри Бохтар иҷлосияи сездаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон таҳти раёсати раиси маҷлис Қурбон Ҳакимзода баргузор гардид.

Пас аз тасдиқи рӯзномаи ҷаласа ва интихоби котибот, бинобар даргузашти вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят, раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ шодравон Убайдулло Файзулло дақиқаи хомӯшӣ эълон карда шуд.

Сипас, раиси вилоят доир ба нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Хатлон дар соли 2022 гузориш дод. Қайд гардид, ки соли 2022, нақшаи қисми даромади буҷет бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 102,5% таъмин гардида, ба буҷети вилоят як миллиарду 868,9 миллион сомонӣ ворид гардид.

Аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо дар вилоят 53958 ҷойи нави корӣ ва барқароршуда ташкил гардид ва ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар  ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ ба 23,9 миллиард сомонӣ расонида шуда, дар муқоиса нисбати ҳамин давраи соли гузашта 106,6% ё баробари 1,5 миллиард сомонӣ афзоиш ёфт.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода дар ҳисоботи худ қайд намуд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 9,5 миллиард сомонӣ расида, дар 11 моҳи соли ҷорӣ 123 корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ бунёд ва 1445 нафар дар ин коргоҳҳо бо ҷойи нави корӣ таъмин карда шуданд.

Дар давоми 11 моҳи соли равон аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба андозаи 131,7 миллион сомонӣ корҳои таъмиру азнавсозии роҳҳо ба анҷом расонида шудааст.

Ҷиҳати идомаи корҳои таҷдиду азнавсозии роҳҳо ва тақвияти имкониятҳои транзитии кишвар дар соли 2022 татбиқи лоиҳаи таҷдиди як қисми роҳи мошингарди Данғара – Бохтар (29 километр) оғоз гардид.

Дар иҷлосия ҳамчунин гуфта шуд, ки аз ҳаҷми умумии қисми хароҷоти буҷет дар соли  2022-юм 1,3 миллиард сомонӣ ба соҳаи маориф, 537,4 миллион сомонӣ ба муассисаҳои тандурустӣ, 75,7 миллион сомонӣ ба соҳаи фарҳанг ва 14,9 миллион сомонӣ ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ маблағҳои буҷетӣ равона гардидааст.

Вакилон Исломиддин Раҳмон, Даврон Нишонзода, Бунафша Файзиддинзода, Бахтиёр Назарзода ва дигарон ба муҳокима баромада, доир ба муҳимтарин нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар ноҳияҳои Данғара, Дӯстӣ, шаҳрҳоиЛеваканту Кӯлоб ҳисобот доданд.

Аз рӯйи масъалаҳои дуюм ва сеюми маҷлис гузориши сардори Сарраёсати молияи вилоят Ҳабибулло Иззатуллозода оид ба иҷрои буҷети вилояти Хатлон дар соли 2021 ва тасдиқи буҷети вилоят барои соли 2023 шунида шуда, нақшаи кории Маҷлиси вакилони халқ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои соли 2023 аз ҷониби вакилон тасдиқ гардид.

Вакилон ҳамзамон барои пеш аз муҳлат қатъ гардонидани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз ҳавзаҳои интихоботии Восеъ-№27, Қубодиён-№40 ва Ҷалолиддини Балхӣ-№41 ва таъин намудани интихобот раъй доданд. Зимнан, Комиссияи вилоятии интихобот таъсис дода шуд. Дар ин хусус аз Мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь