Дар вилояти Хатлон соли 2023-юм 117 ҳодисаи худкушӣ ва суиқасд ба он ба қайд гирифта шудааст, ки ин рақам нисбат ба соли 2022-юм 17 ҳолат кам аст. Дар ин бора прокурори вилояти Хатлон, мушовири адлияи дараҷаи 1, Назарзода Аваз дар нишасти хабарӣ ба намояндагони ВАО иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки дар 96 кас ба ҳалокат расидаанд, ки ин омор дар соли 2022-юм 121 нафаро ташкил медод.

Қайд гардид, худкушӣ дар байни ноболиғон соли гузашта 21 ҳолатро ташкил дода, ҳамаи онҳо хонандагони мактабҳои миёна мебошанд, ки ин омор дар соли 2022-юм 32 ҳолатро ташкил медод.

Прокурори вилоят дар нишаст хабар дод, ки вобаста ба ин ҳодисаҳо 12 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, аз ин 10 парванда ба суд ирсол ва 2 парвандаи дигар тафтишотанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь