Барои будубоши ғайриқонунӣ ва дигар қонуншиканиҳо 5 нафар хориҷие, ки дар вилояти Хатлон фаъолият мекунанд, 12 ҳазору 600 сомонӣ ҷарима карда шуданд.
– Аз ҷониби кормандони Раёсати Хадамоти муҳоҷирати вилояти Хатлон ҳангоми гузаронидани амалиётҳои назоратӣ давоми соли 2021-ум 8 ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби хориҷиён ошкор гардида, нисбати 5 нафар бо моддаи 138 қисми 3, нисбати 1 нафар бо моддаи 138 қисми 2 ва нисбати 2 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо моддаи 138, қисми 2 парвандаи маъмурӣ оғоз карда шуд, – гуфтанд аз Раёсати мазкур.
Иттилоъ дода шуд, ки аз ҳисоби протоколи маъмурии тартибдодашуда 12 ҳазору 600 сомонӣ ба буҷаи давлат ворид карда шуд.
Аз Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон хабар доданд, ки соли 2021 ба хориҷиёни ҳудуди вилоят иҷозатнома барои кор аз тарафи Раёсат ҳамагӣ ба 200 нафар дода шудаст, аз он ҷумла ба шаҳрвандони Хитой- 170, Швейтсария-2, Испания- 12, Ҷумҳурии Исломии Эрон-8, Ҷопон- 3, Филиппин- 4 ва Афғоннистон-1 нафар дода шуд.
Гуфта шуд, ки ҳоло дар ҳудуди вилояти Хатлон 39 субъекти хоҷагидорӣ дорои иҷозатномаи ҷалби қувваи кории хориҷӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки дар онҳо 636 нафар хориҷӣ фаъолият мекунанд.
– Ҳамзамон дар ин ширкатҳо 4365 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла 225 нафар муҳоҳири меҳнатие, ки вурудашон ба кишварҳои хориҷ мамнуъ мебошад, низ бо кор таъмин гардидаанд, – гуфтанд аз ниҳоди мазкур.