Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар аввалин гуруҳи даъватшавандагон аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон барои адои хизмати ҳарбӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуданд.

Нахуст даъватшавандагон аз саҳни комиcсарияти ҳарбии вилоят то майдони варзишии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав  дар даст шиору овезаҳои таранумгари сулҳу ободӣ, ҳифзи ватан бо рӯҳияи болида роҳпаймоӣ намуданд.

Баъди роҳпаймоии идона ва расидан ба варизишгоҳи ДДБ ба номи Носири Хусрав  муовини раиси вилояти Хатлон Сулаймонзода Акрам аз номи раиси вилояти Хатлон ҳамаи даъватшавандагон, ҷавонони далеру матинирода ва шуҷоатманди Хатлон, ки аввалин шуда барои адои хизмати ҳарбӣ ба комиссариатҳои ҳарбӣ ҳозир гаштаанд, аҳсану офарин хонд.

Дар қисмати дигари чорабинӣ ба хотири болидаруҳии наваскарон ҳунармандон ва сарояндаҳои машҳур вилоят  бахшида ба “Рӯзи даъватшаванда” барномаи зебои театрикунонидашударо пешниҳод карданд.

Сипас, ҳамчун анъанаи миллӣ маросими “нонгазон” ва ба наваскарон супоридани рӯймолча ва  аз ҷониби модарону гулдухтарон сурат гирифт.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь