Соли гузашта истеҳсоли шир дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонии вилояти Хатлон 20 ҳазору 655 тонннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2020-ум 464 тонна зиёд аст.
Сардори идораи омори вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки ширҷӯшӣ аз ҳар сар модагов дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонии вилоят соли 2021-ум 1 ҳазору 734 килограммро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2020-ум 27 килограм зиёд аст.
Иттилоъ дода шуд, ки соли гузашта дар ҳамаи категорияҳои хоҷагӣ саршумори чорвои калон 1 миллиону 15 ҳазору 581 сарро ташкил додаст, ки ин нисбат ба соли 2020-ум 14 ҳазору 234 сар зиёд аст.
Ин афзоиши истеҳсоли шир дар вилояти Хатлон дар ҳолест, ки нархи як литр шир ба 4 сомонӣ баробар шудааст ва ин нисбат ба солҳои гузашта 2 сомонӣ гарон мебошад.