Дар вилояти Хатлон ҳоло беш аз 700 нафар гирифтори нашъамандӣ мебошанд, ки ин омор нисбати соли гузашта 18 ҳолат кам аст.

Директори маркази вилоятии бемориҳои наркологии вилояти Хатлон  Сайфулло Бухориев  дар суҳбат ба “Фараж” гуфт, ҳоло дар вилоят 708 бемори наркологӣ ҳастанд, ки аз онҳо 17 нафарашон зананд.

Ба гуфти ӯ шумораи беморон дар соли  2022-юм 726 касро ташкил медод, ки дар се моҳи соли 2023-юм 18 нафар кам шудаст.

Омили асоси кам шудани гирифторони ин бемориро роҳбари ниҳоди мазкур амалисозии барномаҳои миллӣ дар сатҳи пешгирӣ ва назорати маводи нашъадор арзёбӣ кард.

Ба гуфти манбаъ, беморони наркологӣ бештар дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб ва Вахш мебошанд.

– Дар маркази мазкур 20 кат ҳаст, ки ҳоло дар он ду бемори майпараст бистарӣ буда, барои беморон ду вақт хӯрок дода мешавад, – илова кард мавсуф.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь