Дар вилояти Хатлон дар шаш моҳи соли 2023-юм 228 гирифтори бемории сироятии вируси норасоии маснунияти одам (ВНМО_СПИД) ба қайд гирифта шудаанд, ки ин рақам нисбати ҳамин давраи соли гузашта 48 кас зиёд аст.

Бахтиёр Тухтаров, мудири шуъбаи эпидемиологии маркази ВНМО дар вилояти Хатлон ба “Фараж” хабар дод, ки аз соли 1991 то 30.06.2023-юм дар вилояти Хатлон 4694 нафар гирифтори ин беморӣ ба қайд гирифта шуданд, ки аз онҳо 2889 нафарашон мард ва 1805 нафари дигарашон занон мебошанд. “Дар тӯли ин солҳо 1234 нафар гирифтори ин бемори ҷон додаанд”, – гуфт ӯ.

Иттилоъ дода шуд, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон 266 нафар бемори сироятии ВНМО ба табобат фаро гирифта шуданд, ки аз онҳо 213 нафараш бори аввал, 202 нафар аз шумораи бемороне, ки дар ин сол дарёфт шуданд ва 11 нафар аз солҳои пешина ва 53 нафар такроран ба табобат барқарор карда шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки  зиёдшавии ин беморӣ бештар дар ноҳияҳои Ёвон ва Қубодиён дар ин давра ба қайд гирифта шудаст, ки омили  афзоиш ёфтани  он муҳоҷирати меҳнатӣ будааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь