Дар вилояти Хатлон гирифторони бемории дилу рагҳо дар шаш моҳи соли ҷорӣ бори аввал  8 ҳазору 304 нафар ба қайд гирифта шудаанд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 1 ҳазору 812 кас зиёд мебошад.

Аз Маркази бемориҳои дили вилояти Хатлон ба “Фараж” хабар доданд, ки дар вилоят ҳоло  38 ҳазору 675 нафар гирифтори бемори дилу рагҳо ба қайд гирифта шудаанд, ки ин рақам дар қиёс ба солҳои пеш рӯ ба афзоиш аст.

– Аз ин теъдод дар шаш моҳи соли 2023-юм 2 ҳазору 37 нафарашон дар бемористон бистарӣ шуда табобат гирифтаанд. Дар ин давра 30 нафар гирифтори бемории дилу рагҳо фавтиданд, ки дар қиёс ба шаш моҳи соли 2022-юм 4 нафар зиёд аст. Аз ин шумора 26 нафарашон бо сактаи дил ва боқӣ аз фишорбаландӣ фавтиданд, – гуфтанд аз маркази мазкур.

Гуфта шуд, ки дар беморхона ҳама шароитҳо аз ҷумла таҷҳизоти муосир  барои беморон фароҳам оварда шудааст, аммо барои бистарии беморон рахти хоб нест ва беморони дилу рагҳо дар маркази шахсии “Некдил”, ки дар дохили  беморхонаи “Бурӣ Воҳидов” ҷой гир аст, бистарӣ шуда, табобат мегиранд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳияҳои Носири Хусрав, Хуросон, Балҷувон, Ховалинг ва Панҷ норасоии мутахассисони бемории дилу рагҳо эҳсос мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь