Дар аксари нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории минтақаи Бохтари вилояти Хатлон тамоман гази моеъ нест, ки ин ҳолат боиси ташвиши ронандагон шудаст.
Даҳҳо ронандаи воситаҳои нақлиёт аз он изҳори ташвиш карданд, ки бар замми 5,7 то 6 сомонӣ шудани нархи як литр гази моеъ, имрӯз дар бисёре аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ гази моеъ нест.
Раҳим, як ронандае, ки ба мусофиркашӣ машғул аст, гуфт, аз субҳ назди чанд нуқтаи сузишворӣ дар Бохтар рафтааст, аммо, мутассифона, гази моеъ наёфтааст. – Намедонам чӣ кор кунам, маҷбурам, бензин харам, ки нархи як литри он ҳоло 9,4 сомонӣ шудаст, – гуфт ин ронанда ва афзуд, ки маҷбур аст, нархи роҳкироро баланд кунад, то хароҷотҳои худро барорад.
Мусофирон низ гила аз он доранд, ки нархи роҳкиро рӯзҳои охир дучанд гарон шудаст, дар ин шароити вазнин барояшон мушкил шудааст. Мусофирон мегӯянд, ки сабаби гаронии роҳкироро ронандагон баланд шудани нархи сузишворӣ ва ҳатто набудани гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯш арзёбӣ мекунанд.
– Наход ягон ниҳоде набошад, ки нархҳоро назорат кунад? – тааҷҷуб мекунад Ҳалима ном як мусофир.
Омили баланд шудани нархи сузишворӣ, камчин ё набудани гази моеъро соҳибмулкони нуқтаҳои фурӯш воридот нашудани он арзёбӣ карданд.
Аммо коршиносони маҳаллӣ гуфтанд, бори аввал аст, ки нархи як литр гази моеъ то ба 6 сомонӣ баробар шудаст. Бояд ниҳодҳои дахлдор сари ин масъала фавран чораҷӯӣ кунанд, зеро баъди гарон шудани нархи сузишворӣ арзиши аксарияти маҳсулот дар бозорҳо низ баланд хоҳад шуд, – мегӯянд коршиносон.