Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон нархи як литр гази моеъ, ки 8,5 сомонӣ арзиш дошт, ҳоло ба 7,5 сомонӣ баробар шудаст, аммо нархи як халта орди навъи якум, ки ҳафтае пеш 240 сомонӣ арзиш дошт, ҳоло ба 280 сомонӣ баробар шудаст, ки ин аксар сокинони вилоятро нигарон кардааст.

Даҳо нафар сокини шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар суҳбат ба “Фараж” бо изҳори ташвиш гуфтанд, ки дар як ҳафтаи охир нархи як халта орди навъи якуми “Фатир”-ро фурушандагон 40 сомонӣ боло бурданд, аммо касеро парвое нест.

Як сокини куҳансоли дигар аз ноҳияи Кӯшониён қайд кард, ки солҳои пеш бо ҳазор рубли русӣ метавонистӣ як халта орд, 5 литр равған харадиорӣ бикунӣ, мутаассифона, ҳоло бо ду ҳазор рубл як халта орд харидан намешавад.

Ин сокинон аз сохторҳои марбута, ки ба танзими нарху наво вобаста шудаанд, хоҳиш карданд, ки ҷилави чунин фурӯшандагонр бигиранд.

Фирдавси Маҳмадсаид, муовини сардори Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, сабаби ин “ҷаҳиши ғайриинтизор”-и ордро дар гарон шудани нархи гандум дар Қазоқистону Русия – кишварҳои асосии таъминкунандаи гандуму орди Тоҷикистон арзёбӣ кард.

– Мо ба ҳама заводҳои коркарди орд мактуб кардем, бояд хароҷоти аслии онҳоро бифаҳмем, сатҳи миёнаи даромаднокиашонро муайян мекунем, – гуфт ӯ ва афзуд, ки заводҳои коркарди орд дар вилояти Хатлон ҳуқуқ надоранд, ки меъёри даромаднокиашонро аз 10 дарсад боло бардоранд.

– Мо интизорем, ки онҳо хароҷоти арзиши  асилиашонро пешниҳод кунанд, як маротиба мониторинг мегузаронем, ҳар нафаре, ки аз даҳ дарсад меъёри даромаднокиашро боло бурдааст, дар доираи қонунҳои амалкунандаи кишвар нисбаташон парванда боз мекунем, – илова кард  Фирдавси Маҳмадсаид

Яке аз омилҳои баланд шудани нархи орд дар вилояти Хатлон, ба қавли соҳибназарон, ба таври бояду шояд фаъолият накардани корхонаҳои истеҳсоли орд дар қаламрави вилоят мебошад.

Биноан, аз манфиат холӣ намебуд, агар мутасаддиёни ниҳодҳои марбутаи давлатӣ, корхонаҳои ордбарорӣ ва доираҳои дахлдори соҳибкорӣ талаботи рӯзафзуни аҳолӣ ба орд ва имконоти иқтисодии эшонро ба инобат гирифта, сари истеҳсоли бештари гандум, воридоти қабл аз дигарон барои мо судовари гандуму орд ва мувофиқсозии нархҳои онҳо ба кисаи мардум жарфтар андеша мекарданд, мегӯянд соҳибназарон.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь