Имрӯз дар Кохи фарҳанги маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар  Фестивали дониш ва навоварӣ барои занони деҳот  баргузор гашт, ки дар он 841 зан иштирок карданд.

Аз Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ки дар фестивал раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, роҳбарияти вилоят, муовини вазири кишоварзӣ Нигина Анварӣ, муовини роҳбари намояндагии USAID Кевин Дин, директори Барномаи GIZ дар Тоҷикистон Вулф Хенрик Горетски, сарнамояндаи Дафтари JICA дар Тоҷикистон Имаи Суджи, намояндаи ФАО дар Тоҷикистон Олег Гуҷгелдиеа, роҳбари шуъбаи идоракунии лоиҳа дар Тоҷикистон (ADB) Родора Консепсион иштирок карданд.

Дар саҳни Кохи фарҳанг ширкату корхонаҳо ва соҳибкороне, ки бо лоиҳаҳои дар вилояти Хатлон фаъолиятдошта ҳамкорӣ доранд, маҳсулоти истеҳсолии худро пешкаши меҳмонон ва иштирокчиёни намоишгоҳ гардониданд. Ташкилотҳои хурди қарзии вилоят низ дар намоишгоҳ хизматрасониҳои худро пешниҳод карданд.

Дар фестивал 841 нафар занону бонувон аз шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту идораҳо, намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ширкат доранд.

Раиси вилоят гуфт, ки саҳми занон дар соҳаи кишоварзии вилояти Хатлон арзанда буда, шумораи саҳмдорони хоҷагиҳои деҳқонии вилоят ба 162 000 нафар мерасад, ки 11 446 нафарашон роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошанд.

Шумораи занони соҳибкори инфиродии фаъолияткунанда дар қайди мақомоти андоз ҳамагӣ 23 540 нафар буда, аз инҳо 2654 нафар бо шаҳодатнома бо шартҳои махсус, 1160 нафар бо шаҳодатнома дар низоми махсус, 7445 нафар бо патент, 835 нафар бо роҳбари шахсони ҳуқуқӣ, 11 446 нафар роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ инфиродӣ фаъолият менамоянд.

Саҳми занон дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи вилоят назаррас буда, дар соҳаи кишоварзӣ 162 034 нафар ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҳисоби занон 11 446 нафар мебошанд.

Гуфта шуд, ки бо мақсади дастгирии ташаббуси таъсиси грантҳои Президентӣ дар вилоят қарори раиси вилоят аз 26-уми феврали соли 2021, № 47 “Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои раиси вилояти Хатлон оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2021-2025” ба тасвиб расида, 21 грант дар ҳаҷми 250 000 сомонӣ таъсис дода шудааст, ки ҳамасола ба бонувони соҳибкор пешниҳод карда мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь