Дар вилояти Хатлон дар 9 моҳи соли ҷорӣ 9 ҳазору 979 нафар фавтиданд, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 297 нафар кам аст. Аз шумораи фавтидагон 4 ҳазору 544 нафараш зан ва 5 ҳазору 435 нафарашон  мард мебошанд.

Аз шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти  Хатлон хабар доданд, ки дар 9 моҳи  соли 2019 дар вилояти Хатлон 8 ҳазору 535 нафар вафот карда буданд, дар соли 2020 бошад ин шумора ба 10 ҳазору 277 нафар расид ва дар ҳамин давраи соли 2021 сабти  9 ҳазору 979 нафар фавтида ба қайд гирифта шудаст.

– Дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои Ёвон, Абдураҳмонӣ Ҷомӣ,  Бохтар,  Панҷ, Дӯстӣ,  Шаҳритус, Данғара, Ҳамадонӣ, Балҷувон ва Фархор фавт аз 5 то 50 нафар зиёд шудаст, – гуфтанд аз ниҳоди мазкур.

Иттилоъ дода шуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои Вахш, Хуросон, Қубодиён, Ҷалолиддини Балхӣ,  Кӯшониён, Ҷайҳун, Норак, Левакант, Носири Хусрав, Восеъ, Кӯлоб, Муъминобод, Шамсиддини Шоҳин фавти сокинон кам шудаст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь