Дар 9 моҳи соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 519 кӯдак аз ҷониби дигар оилаҳо ба фарзандхондӣ гирифта шудааст, ки ин нисбати ҳамин давраи соли 2022-юм 11 нафар кам аст.

Сардори Шуъбаи асноди ҳолати шарвандии Раёсати адлияи вилояти Хатлон Бунафша Раҳимзода гуфт, фарзандхондӣ дар ноҳияи Вахш, Ҷомӣ 7, Қубодиён 9, Шамсиддин Шоҳин, Панҷ 8, Дӯстиву Норак 4, Шаҳритусу Ховалинг 3, Кӯлоб 10, Носири Хусраву Восеъ 2 ва Ҳамадонӣ 1-нафарӣ кам шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки фарзандхондӣ дар шаҳру ноҳияҳои Ёвон 15, Хуросон 7, Кӯшониён 4, Бохтар 7,  Левакант 1, Данғара 3, Муъминобод 5, Темурмалик 9, Фархор 2 ва  Балҷувон 4 кас зиёд шудааст.

Дар маҷмуъ дар 9 моҳи соли равон дар вилоят 519 кӯдак аз ҷониби дигар оилаҳо ба фарзандхондӣ гирифта шудаанд, ки ин рақам дар ҳамин давраи соли гузашта 530 нафаро ташкил медод, илова кард ӯ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь