Аз ҷониби кормандони милитсияи ноҳияи Шаҳритус ва Данғара дуздонеро, ки чархҳои мошин ва ҷавоҳиротро рабурда буданд, дасгир шуданд.

Офоқи Қодириён, сухангӯи Раёсати Вазорати корҳои дохилаи вилоят иттилоъ дод, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини ноҳияи Шаҳритус бо гумони содир кардани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.

Номбурда, моҳи январи соли 2023, бо тариқи пинҳонӣ аз нуқтаи таъмир ва фурӯши чархҳои воситаи нақлиётӣ, ки ба марди 36-солаи сокини ноҳияи мазкур тааллуқ дорад, 17 чархи автомашинаро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

– Зарари расонидашуда 4 ҳазору 80-сомониро ташкил медиҳад, – гуфт ӯ.

Ба ШВКД дар ноҳияи Данғара аризаи зани 38-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 31-уми декабри соли 2022, тахминан соати 23:00, шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ ба манзили истиқоматиаш даромада, аз ҷузвдонаш ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 57 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 31 ва ҷавони 20-солаи сокинони ҳамин ноҳия, ки пеш ҳарду бо моддаи 244-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудаанд, ҳамчун гумонбар дар содир кардани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь