Соли гузашта аз дорухонаҳо ва муассисаҳои фармасевтии вилояти Хатлон 856 номгӯ ба миқдори 225 ҳазору 712 адад маводи дорувориӣ ва молҳои тиббӣ, маводҳои ороишию гигиени муҳлати истифодаашон гузашта, ба далели ба талаботҳои санадҳои меьёрию ҳуқуқи чавобгӯй набудан аз муомилот гирифта шуданд.

Абдуқодирзода Муҳаммад сардори Сараёсати хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки  маблағи умумии мавод 593 ҳазору 269 сомонӣ 6 тонаву 913 кг-ро ташкил медиҳад.

Инчунин нисбати қонунвайронкунадагон 3947 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудаст, ки маблағи он 428 ҳазору 750 сомонӣ аст.

Ҳамаи дорувориҳои аз муомилот гирифташуда тариқи сӯзонидан несту нобуд карда шуданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь