Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз соли 2021 то ин ҷониб 265 оилаи муҳоҷирони экологӣ аз мавзеъҳои хафнок ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуданд, ки бештари онҳо аз шаҳру ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Темурмалик, Кӯлоб, Хуросон, Данғара, Ховалинг, Қубодиён ва Кӯшониён мебошанд.

Сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон Азизода Баҳодур иттилоъ дод, ки  ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли  2020 №648 “Дар бораи нақшаи муёнамӯҳлати муташаккилонаи кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023” тадбирҳои зарурӣ анешида шуда, қарори раиси вилоят ба тасвиб расидааст.

Гуфта шуд, ки  соли 2021-ум  84 оила, соли 2022-юм  88 оила аз минтақаҳои хавфнок ба мавзеъҳои бехавф кӯчонида шуда ба онҳо заминҳои наздиҳавлигӣ дода шудааст. Қайд гардид, ки соли 2023 тибқи нақша 91 хоҷагие, ки барои кӯчонидан  ба ҷойҳои бехавф эҳтиёҷ доранд, мавриди омӯзиш қарор дода шуда, дар 8 моҳи соли ҷорӣ 91 хоҷагӣ хулосаи Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро гирфита ва ба 83 хоҷагӣ дар ҷойҳои бехавф қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардидааст.

– Дар мавриди 8 хоҷагии боқимондаи ноҳияи Данғара чораҳои зарурӣ андешида мешаванд ва дар муҳлати кутоҳ боқимонда заминҳои наздиҳавлиӣ тақсим карда мешаванд, – илова кард ӯ.

Ба иттилои  Ситод оид  ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи  граждании вилояти Хатлон дар ҳудуди вилояти Хатлон 315  мавзеъи хавфнок ба қайд гирифта шудааст, дар ин мавзеъҳо  23 ҳазору 590 хоҷагӣ бо 156 ҳазору 504 аҳолӣ фаъолият ва зиндагӣ мекунанд. Ба ин мавзеъҳо асосан таҳдиди офатҳои табиии сел, ярҷ, лағжиш, обхезӣ, эрозияшавии замин ва балондшавии оби канал ба қайд гирифта шудааст, гуфтанд аз ниҳоди мазкур.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь